Мутахассиси ӯзбек шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

Яке аз сабабҳои асосие, ки ба воридшавии коронавирус ба Тоҷикистон монеа шуд, ин андешидани чораҳои саривақтӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Маъруфҷон Мадаминов, мудири озмоишгоҳи вабои Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вабо, қарантина ва бемориҳои сироятии махсусан хавфноки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазири тандурустӣ гуфт, чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

 Ба гуфтаи Мадаминов, бо сабаби андешидани чораҳои саривақтӣ, коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол ошкор карда нашудааст.

"Ин андешаи шахсии ман аст, ки шояд бо андешаи коршиносони дигар мувофиқат накунад, аммо онҳо (мақомоти Тоҷикистон - таҳрир) барои ҳаракати фаромарзии мардум чораҳои маҳдудсозиро хеле пеш шуруӯъ карданд",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон, Маъруфҷон Мадаминов.

Коршинос қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳама гуна рӯйдодҳо омодагӣ гирифт.

Мадаминов Ӯзбакистонро ба сифати мисол овард, ки дар он як барномаи махсус пеш аз сар задани пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шуда буд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт расман набуди коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

"Ҳукумат ба коршиносон супориш дод, ки асосҳои стратегияро таҳия кунанд, ки чӣ гуна метавон ба ин беморӣ мубориза бурд. Бо фармони президент  дар бораи таъсиси Кумитаи мубориза бо таҳдидҳои нав барнома ба фаъолият оғоз кард", - гуфт Мадаминов.

Қаблан Насим Олимзода, вазири Тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи набуди коронавирус дар кишвар гуфт,  омили асосӣ дар ин самт чораҳои барвақтии андешидашуда ва қарантинкунии кулли шахсони ба кишвар воридшуда мебошад.

Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

 Ҳамчунин  Эдуард Полетаев роҳбари Фонди ҷамъиятии "Дунёи Авроосиё" (Қазоқистон) низ сабаби ба ду кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Туркманистон роҳ наёфтани коронавирусро шарҳ дода гуфт, онҳо пеш аз ҳама, дар қаъри қитъа ҷойгиранд ва сокинони онҳо кам ба хориҷ мераванд.

Коршинос гуфтааст, Қазоқистон ва ҳатто Ӯзбекистон бо ҷаҳони хориҷа робитаи хубе доранд ва ҳавопаймоҳои маҳаллияшон низ хуб фаъол аст, ки ин ҳолат дар Тоҷикистон ва Туркманистон маҳдудтаранд.

Полетаев гуфт, чаро коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст

"Тоҷикистон хело  хушбахт аст, зеро қисми зиёди шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар кор мекунанд. Аммо инҳо одамон ҳастанд - асосан оддӣ ва меҳнатдӯст. Коронавирусро ба минтақа одамони тавоно оварданд”,- гуфт Полетаев.

Гузашта аз ин, Қазоқистон як давлати транзитӣ барои бақияи кишварҳои Осиёи Марказист (молҳо, борҳо ва муҳоҷирони корӣ тавассути Қазоқистон ба Русия интиқол меёбанд), ки аввалин шуда сарҳадро баст ва бо ин роҳ амнияти кишварҳои дигари минтақаро таъмин кард, мегӯяд сиёсатшинос.