Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аз ҳазор нафар гузашт: афзоиши босуръати гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон

Бинобар оморҳое, ки имрӯз нашр шуд шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон давоми як шабонарӯз беш аз сад ҳолатро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бар пояи оморҳое, ки субҳи имрӯз нашр гардид теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1214 нафар мерасад.

Аз ҷарима то зиндон: дар Ӯзбекистон барои таҳқири гирифторони коронавирус ҷазо ҷорӣ шуд

Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон сотаи 15:30-и рӯзи гузашта аз гирифтор шудани 1113 нафар хабар дода буд.  
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ин беморӣ 14 нафари дигар сиҳат шудаанд, ки чор нафарашон аз Бухоро ва даҳ нафари дигарашон дар Тошканд будаанд. Шумори умумии шифоёфтагон то ҳол ба 99 нафар ва фавт аз ин беморӣ ба чор нафар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки дар нимаи моҳи март дар Ӯзбекистон аввалин ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Беморӣ дар духтаре пайдо шуд, ки аз Фаронса баргашт.

Сар аз 1 - уми апрел дар Тошканд ва дигар манотиқ қарантин эълон шуд. Шаҳрвандони аз 60 - сола боло ҳаққи ба берун баромаданро надоранд.