Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳонро беш аз 1,8 миллион гуфт

Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди мубталоёфтагони коронавирус дар ҷаҳонро беш аз 1,8 миллион нафар гуфт. Шумораи қурбониён ба 114 ҳазору 247 тан баробар шудааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Ба иттилои СҶБ, маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон беш аз 1 миллиону 853 нафарро сироят кардааст. Ҳамзамон теъдоди шифоёфтагон 423 ҳазору 625 кас ва фавтидагон 114 ҳазор 247 тан мебошад.

Омори гирифторони коронавирус дар ИМА аз ним миллион гузашт

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 560 ҳазору 433 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 22 ҳазору 115 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда 166 ҳазору 831 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 3,8 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар он 17 ҳазору 209 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтидаанд.

Аз пешгӯии Ҳабиб то норозигии Конор: размикорон дар бораи коронавирус гуфтанд

Дар Италия шумораи мубталоён 156 ҳазору 363 нафар ва теъдоди фавтидагон 19 ҳазору 899 нафар мебошад. Дар Франсия 132 ҳазору 591 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 14 393 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 127 ҳазору 854 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 3 022 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 84 ҳазору 279 нафар ва теъдоди ҳолтаҳои фавт 10 ҳазору 612 нафар мебошад.

Дар Чин 82 ҳазору 160 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 108 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 3341 нафар вафот кардаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 71 ҳазору 686 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 474 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 56 ҳазору 956 нафар ва дар Белгия – 29 647 нафар мебошад.

Аз ҷарима то зиндон: дар Ӯзбекистон барои таҳқири гирифторони коронавирус ҷазо ҷорӣ шуд
Миёни кишварҳои ИДМ шумораи зиёди шахсони аз коронавирус сироятёфта дар Россия ба қайд гирифта шуда, 15 770 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар он шумораи беморони шифоёфта 1291 нафар ва фавтида 130 нафар мебошад. Баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар Украина — 2777 нафар, Беларус — 2578, Молдова — 1662, Озарбойҷон — 1098, Арманистон — 1013, Қазоқистон — 951, Ӯзбекистон — 865 ва Қирғизистон — 419 нафар ба қайд гирифта шудааст.

То имрӯз дар байни давлатҳои аъзои ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 729 нафар расид: 35 ҳолат давоми рӯз

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 607 нафарро ташкил дода, 32 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 18 тани дигар вафот кардаанд.

Теъдоди мубталоён дар Арабистони Саудӣ 4 462 нафар буда, дар он 59 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 4 123 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 22 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 2 979 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 7 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 159 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 2 065 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1352 нафар ва шумораи фавтидагон 76 нафар мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 6 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 1136 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 1 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 1234 нафар сироят ёфтаанд.

Аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар Яман ба қайд гирифта шуд. Бемор аз АМА омадааст.