Русия: фавти 18 бемор ва сироят ёфтани 2558 нафар ба коронавирус дар шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Маскав дасти кам 1355 нафар, дар вилояти Маскав 495 ва дар Санкт - Петербург 121 кас ба маризии коронавирус сироят шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Русия давоми як шабонарӯз 2558 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад Ситоди фврӣ оид ба ин беморӣ.

Беҳбуди вазъ дар Эрон: шумори шифоёфтагон аз коронавирус ба 42 ҳазор расид

Бар хабари манбаъ, сироятёбии 2558 нафар дар 62 манотиқи Русия ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама беш дар пойтахт сурат гирифтааст.

Зимнан, манбаъ меафзояд, ки дар як шабонарӯз 18 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон 179 нафар шифо ёфтанд.

Тавсияи Рамазон Қодиров: сирпиёз хӯред ва аз коронавирус натарсед

Зикр мегардад, ки теъдоди зиёди сироятёфтагонро маризони аз 45-сола поён ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯз дар шаҳри Маскав 1355 ҳолат, вилоятҳои Маскав 495 ва дар Санкт-Петербург 121 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар қаламрави Русия 18 328 маризи коронавирус дар 82 манотиқ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз ин беморӣ дар Русия 148 нафар ҷон бохтанд.