Омори фавту шифоёбӣ аз коронавирус дар Эрон

Мақомоти Эрон гуфтанд, аз маризии коронавирус наздики 46 ҳазор нафар шифо ёфта, беш аз 4,5 ҳазор нафар фавтидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати беҳдошти Эрон бо ишора ба ибтилои 73 ҳазору 303 нафар дар кишвар ба вируси корона эълом кард, то кунун 45 ҳазору 983 нафар аз ин беморон, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд, хабар дод Парстудей.

“Ҳама зиндаем”: овозаву ҳақиқати хонаводаи Шодиевҳо дар Ҷаббор Расулов

Ба иттилои манбаъ, Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба идомаи раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар кишвар тасреҳ кард, дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 1 ҳазору 617 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 111 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 4 ҳазору 585 нафар расидааст.

Таъкид шудааст, ки ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (қарантина) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.