Фавти як нафари дигар дар қарантина: вазорат мегӯяд, бо аҷали худ даргузашт

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаи фавти як духтур аз “вируси тоҷдор” дар вилояти Хатлонро такзиб карда, гуфт, ӯ аз марги табиӣ фавтидааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як корманди Беморхонаи марказии вилоятии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон на аз “вируси тоҷдор”, балки аз марги табиӣ фавтидааст.

Даргузашти Ҳоҷимуҳаммад Тошев дар Ҷаббор Расулов: вазорати тандурустӣ сабабашро шарҳ дод

“Шоми 12 апрел, соати 21:30, Оишамоҳ Алимова, соли таваллудаш 1962, корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б. Воҳидови шаҳри Бохтар бо ташхиси сили иртишоҳӣ (инфильтративный туберкулёз) – и қисми мобайнии ҳарду шушҳо, гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид. Мавсуф дар беморхонаи мазкур, ки дар он ҷо шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшуда дар карантин қарор доранд, фаъолият менамуд”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Ин дуввумин мавриди марг тайи ду рӯзи ахир аст, ки дар макони шаҳрвандони таҳти қарантина қарордошта иттифоқ меафтад.

11 апрели соли равон Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар Беморхонаи минтақавии "Ўзбекқишлоқ" таҳти қарантина қарор дошт, фавтида буд. Расман сабаби марги ӯро вазорати тандурустӣ "бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4" ташхис дода буд.

Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд, ки бо мудири ин шӯъбаи маориф Абдуҷалил Шодиев тамос дошт. Ахирӣ бародари Ҳабибулло Шодиев, сокини деҳаи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ҷамоати деҳоти “Ҳаёти нав” – и ноҳияи Ҷаббор Расулов аст, ки рӯзи 1 апрел, аз пневмонияи дутарафа фавтида буд. Абдуҷалил Шодиев дар пайи фавти бародараш дар қарантина қарор гирифт.

Хабари тозаи Вазорати тандурустӣ дар бораи набуди коронавирус дар Тоҷикистон

Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, фавти маризон дар муассисаҳои қарантинаии кишварро набояд аз ҳангомаҷӯӣ ба “вируси тоҷдор” рабт дод.

Вай афзуд, дар мавсими баҳор хурӯҷи ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла зуком, хроникӣ авҷ мегиранд ва сабаби фавт мешаванд.

“Ҳамасола вазъ чунин аст ва чунин хоҳад буд, чун хоси мавсим аст. Аммо дар ин лаҳзаҳои ҳассос марги ҳар инсонро ба “вируси тоҷдор” рабт додани як идда ҳангомаҷӯён на фақат аз рӯйи адолат нест, балки бозӣ кардан бо зеҳни мардуми кишвар аст. Сабаби марги ҳар инсонро танҳо духтур муайян карда метавонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин масъалаи нозук эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна хабарҳои бардуруғ дар ин робита бовар нанамоянд”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Тоҷикистон шумори дақиқи нафарони ба қарантина фаро гирифташударо эълон кард

Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” дар кишвар ин ниҳод расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани он ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз 1 феврал то 13 апрели соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 560 нафар афроди дохиливу хориҷии воридшуда дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳо ба қарантина фаро гирифта, аз ин шумора 5 ҳазору 724 нафар ба хонаҳояшон рухсат шудаанд ва ҳоло 1836 нафар, аз ҷумла 5 хориҷӣ таҳти назорат мебошанд.