Болотарин нишондоди марги ношӣ аз коронавирус дар Покистон

Бо марги 15 нафар дар як рӯз, бештарини мизони марги ношӣ аз корона дар Покистон ба сабт расид. Теъдоди умумии фавтидагон аз ин маризӣ 93 нафар арзёбӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Раванди ибтило ба вируси корона дар Покистон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст ва теъдоди беморони корона дар ин кишвар аз 5 ҳазору 374 нафар убур кардааст, хабар дод Парстудей.

Агент Тилавпур. Кӣ футболбозони тоҷикро дар хориҷа "мефурӯшад"?

Ба иттилои манбаъ, шумори қурбониёни корона дар Покистон ба 93 нафар расида, ки вазъияти 44 бемор вахим аст.

Раванди ғирболгарии саломат дар Покистон ба иллати камбуди имконот ҳамчунон ба кундӣ пеш меравад ва танҳо афроди машкук мавриди озмоиш қарор мегиранд.

Маҳдудият дар рафту омад ва таътили ҷузъии шаҳрҳои Покистон имрӯз поён хоҳад ёфт, аммо эҳтимоли тамдид он вуҷуд дорад, афзудаст хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ҳам имрӯз аз шиносоии 58 фарди олуда ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Ваҳидулло Моёр, сухангӯи вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард, шумори афроди олуда ба вируси корона дар 24 соати гузашта, 58 нафар афзоиш ёфт, ки то кунун ин теъдод олуда дар як шубона рӯз сабт нашуда буд.

Шумори мубталоёни ба КОВИД - 19 дар Афғонистон бо ин теъдоди ҷадид ба 665 нафар расид. Сухангӯи вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон, шумори ҷонбохтагони ин бемориро бо се нафар афзоиш дар шабонарӯзи гузашта, бисту як нафар эълом кард