Рекорди нав: дар Русия дар як шабонарӯз бештар аз 2000 кас мубталои коронавирус шуданд

Шумораи умумии гирифторони вируси корона дар Русия ба бештар аз 15 ҳазору 770 нафар расид. 130 нафар ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Русия дар як шабонарӯзи гузашта 2186 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 

Онҳо дар 52 минтақаи кишвар сабт шуданд.

Гирифторони коронавирус чигуна ҷон медиҳанд - посухи пизишк аз Қирғизистон
Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони вируси карона марзи 15 ҳазору 770 нафарро убур кард. Аз 85 минтақаи Русия дар 82-тоаш мубталоёни коронавирус ҳастанд.

Бештари ҳолатҳои нав ба Маскав рост меоянд. Дар пойтахт шаби гузашта 1306 ҳолати нави сироятёбӣ тасдиқ шуд.

Дар вилояти назди Маскав 278 ҳолат, дар Санкт-Петербург 69 ҳолати нав сабт гардид.

Дар як шабонарӯз дар Русия 24 кас аз коронавирус ба ҳалокат расиданд, шумораи умумии қурбониён ба 130 тан расид.

Фавти боз як нафар дар Ӯзбекистон: шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ба чаҳор нафар расид

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта аз бемористонҳои Русия 264 бемор сиҳат шуда, мураххас гаштанд. Шумораи умумии сиҳатёфтагон 1291 нафарро ташкил дод.