Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду сел ва тавсия ба ронандаҳо

Дар Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда ҳаво якбора номусоид шуда, борони пуршиддат ва омадани сел пешбинӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон истинодан бо такя ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 12 – 14 дар аксари манотиқи мамлакат боронҳои пуршиддат пешбинӣ шудаанд.

Изҳороти КҲФ ва пешгӯии ҳавошиносон: роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ

“Бахусус рӯзҳои 13-14 апрел ҳавои абрӣ ба боронҳои шиддатнок табдил мешавад ва омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва ноҳияҳои доманакўҳии вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷикент) эҳтимол дорад”, - афзудааст манбаъ.

Ожонсии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла дар дарёҳои  Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш эҳтимол меравад сатҳи об боло равад ва дар баъзе минтақаҳо он аз соҳилҳо ба сӯи заминҳои кишт ва манзили сокинон равона гардад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад”, мегӯяд манбаъ.

Кумита аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мекунем дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.