ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Олимзода дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон ба суол дар бораи дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ изҳор дошт, ки феълан дар кишвар беш аз 500 адад мавҷуд буда, мақомоти тоҷик азм доранд, бо ҷалби маблағҳо зиёда аз 100 дастгоҳи сунъии нафаскашии дигар харидорӣ шавад.
“Ин дастгоҳ ду - се моҳ пештар тақрибан 10 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошт. Ҳоло қимати он аз 100 - 150 ҳазор доллар боло рафтааст. Дар сурати харидории ин миқдор дастгоҳ имкон меёбем, ки дар мубориза ба муқобили пандемия мавқеи устувор дошта бошем”, - изҳор дошт вазири тандурустӣ зимни тасвиби ихтисоси 11.3 миллион доллар барои мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон.
Маблағи мазкур аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо гардида, хизматрасонии бонкии лоиҳаро Бонки ҷаҳонӣ ба анҷом мерасонад, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.
Лоиҳаи мазкур аз 4 қисмат иборат буда, барои тқвияти иқтидор дар соҳаи табобати интенсивӣ ва эҳё – 6.3 миллион доллар ва барои банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа – 1 миллион ҷудо мегардад.
Барои расонидани кумаки муваққатии иҷтимоӣ ба хонаводаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазиранд – 3 миллион доллар ва амалисозию мониторинги лоиҳа – 1 миллион доллар ихтисос меёбад.