Ситоди вазорат аз омодагии муассисаҳо ба эҳтимолияти хуруҷи коронавирус гуфт

Бегоҳи рӯзи 10 - уми апрел дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди вазорат баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҷаласа оид ба пешгирии сирояти коронавирус таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода баргузор гардид.

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 729 нафар расид: 35 ҳолат давоми рӯз

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, дар ҷаласаи навбат масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, пурзӯр намудани назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмин намудани духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, боз ҳам чоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

“Эҳтиёт кунеду ба он тараф нагузаред”: дастури Аҳмадзода барои пешгирӣ аз коронавирус

Маврид ба зикр аст, ки аз 1 феврал то  имрӯз, 10 апрели соли равон 7362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 5482 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафарашон дар карантин қарор доранд.