Ҳокими Тошканд аз иҷорадеҳон хост иҷорапулӣ талаб накунанд: ин рӯзҳо ҳам мегузаранд

Рӯзҳои душвор мегузаранду фаромӯш мешаванд, аммо некии карда ҳамеша дар ёд хоҳад монд, гуфт Ҷаҳонгир Артихоҷаев
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Артихоҷаев аз сокинони пойтахт, ки хонаҳояшонро ба иҷора додаанд, даъват кард, ки муваққатан пардохти иҷорапулиро талаб накунанд.

"Ин рӯзҳо барои ҳар яки мо озмоиш аст. Махсусан ҳоло мо бояд беш аз ҳарвақта ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба шахсони эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз кунем. Тавоноӣ дар ягонагист ва танҳо тавассути муттаҳидшавӣ мо метавонем бемориеро, ки ба тамоми ҷаҳон таъсир кардааст, мағлуб кунем. Дар шаҳр шаҳрвандоне ҳастанд, ки манзил ба иҷора мегиранд. Миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки аз дур омадаанд. Ҳоло, тибқи талаботи карантин, онҳо аз оилаҳои худ дур зиндагӣ мекунанду аксарияташон муваққатан аз кор мондаанд ва, албатта, дар чунин шароит онҳо душворӣ доранд . Аз як тараф бори пардохти иҷорапулӣ ва аз ҷониби дигар, таъмини оиларо бар дӯш доранду. Дар робита ба ин, мехоҳам ба иҷорадеҳон муроҷиат кунам ва аз онҳо хоҳиш намоям, ки дар ин рӯзҳои душвор сабр кунанд, вазъи иҷоранишинонро фаҳманд ва муваққатан аз иҷорапулиро талаб накунанд", - гуфт Ҷаҳонгир Артихоҷаев.

Ба ақидаи ӯ, дар чунин шароит агар иҷоранишинон баъдтар пулро пардохт кунанд, боадолатона хоҳад буд.

Бештар аз 600 кас: дар Ӯзбекистон шумораи гирифторони коронавирус зиёд шуданд

"Дар рӯзҳои душвор ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод хеле муҳим аст. Дар хотир дошта бошед, ки ин рӯзҳои душвор мегузаранду фаромӯш мешаванд, некии карда ҳамеша дар ёд хоҳад монд!" - қайд кард ҳокими пойтахт.

Тибқи охирин маълумотҳо, дар Ӯзбекистон 669 нафар мубталои коронавирус шудаанд,  ки аксари онҳо дар Тошканд мебошанд, ки шуморашон ба 249 нафар мерасад.

Дар пайи гирифторӣ ба коронавирус то имрӯз Дар тӯли се бемор фавтиданд, 42 нафар шифо ёфтаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 март бемории коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 1,5 миллион ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар пайи он беш аз 92 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.