ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ба идораи милиса дар ноҳияи Данғара, зани 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, арз доштааст, ҳадафи ғоратгарӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, муроҷиаткунанда шикоят кардааст, ки санаи 3-юми апрели соли 2020, тахминан соати 20:00, Фирдавс ном шахс бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 2 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифови ҳамин ноҳия, содир намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Инчунин ВУД хабар додааст, ки марди 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳам дар назди бозори “Суғдиён” бо марди 35-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба панҷаи дасти рости ҷабрдида зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.