ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ, як қисми маҳаллаҳои Сино ва Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе бе неруи барқ мемонанд.
Ба иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, неруи барқ аз соати 09:00 то 16:00 маваққатан хомӯш карда мешавад.
"Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаҳои Н.Қарабоев, Борбад, А.Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Гулбутта ва дар ноҳияи Сино кӯчаҳои Қазоқон, Зафар, Арбобхотун, Бунёдкорон, Навобод, қувваи барқ хомуш карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.