Мутахассиси тоҷик роҳи наҷоти дарахтон аз сардиро гуфт: дуд кунед

Бар асари бориши барфи рӯзи гузашта дар Тоҷикистон аксар сокинони кишвар изҳори ноумедӣ карданд, ки гулҳои дарахтонро хунук мезанад ва мева камчин хоҳад шуд. Дар пайи ин мутахассиси тоҷик роҳи раҳо аз хунукзании дарахтонро гуфт.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Саидҷамол Саидзода, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, боғдорон ба хотири ҳифзи гули дарахтон дар гирди он дуд ташкил намоянд, хабар медиҳад “Ховар”.

Ҷамъоварии қариб ним миллион тонна мева дар Тоҷикистон

“Боридани барф барои доманакӯҳҳо ва соҳаи боғдории мамлакат таъсири манфӣ дорад, яъне гули дарахтонро сармо мезанад. Ба хотири бартараф намудани вазъият боғдорон бояд корҳои пешгирикунандаро ба анҷом расонанд. Яъне дар гирди дарахтон дуд ташкил намоянд, то ҳарорати гирди дарахтро гарм нигоҳ доранд. Чунки  дар ҳолати иҷро намудани ин амал оби даруни гули дарахтон ях намекунад. Агар оби гулҳо ях кунад, ҳосили дарахт нобуд мегардад”,-  афзудааст Саидҷамол Саидзода.

Ӯ гуфтааст, дар баробари таъсири манфӣ гузоштани барф ба соҳаи боғдорӣ, он фоида низ дорад. Агар боғдорони мамлакат барфҳои гирди дарахтонро дар зери он ҷамъ намоянд, дар ин ҳолат намии решаи дарахт бештар гардида, хуб инкишоф меёбад.

Ба гуфти ӯ фоидаи барф барои соҳаи кишоварзии мамлакат зиёд аст, яъне оби барф нисбат ба обрасонии маъмулӣ чор маротиба таъсири зиёдтар дорад. Махсусан он барои маҳсулоти зироатӣ, ғалладонагӣ ва пахта фоидаи бештар дорад, зеро миқдори зиёди намиро дар замин нигоҳ медорад

Агентии обуҳавошиносии кишвар низ, пастшавии ҳароати ҳаворо шаби 9  ба 10 апрел зикр карда гуфтааст, то -2 дараҷа хунукӣ аз эҳтимол дур нест.