Изҳороти КҲФ ва пешгӯии ҳавошиносон: роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми шабонарӯзи гузашта дар ҳоли барфрезии шадид ягон ҳодисаи нохуши табиӣ ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар пайи боридани барфи шадиди шабонарӯзи гузашта дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе масъулини сохторҳои дахлдор ба тоза намудани роҳҳои мошингард ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шурӯъ намуданд, хабар дод “Ховар” аз қавли КҲФ.

18 вагон орду маводи тиббӣ: кумаки башардустонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид

Манбаъ аз қавли Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон афзуд, ки  то 10 апрел ҳаво дар ҷумҳурӣ номусоид боқӣ монда, боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе –Лахш ва Душанбе–Хоруғ нуқтаҳои навбатдорӣ аз ҳисоби масъулини идораҳои давлатӣ ташкил гардида, навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад.

КҲФ аз шаҳрвандоне, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, даъват намудаст, ки дар ин рӯзҳо аз корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро бориши зиёди борону барф хатари омадани сел, фаромадани ярч, тарма ва сангрезиро дар ин муддат зиёд мегардонад”,- гуфт Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудаст, ки дар ҳолати пайдо шудани муроҷиат ва сар задани ҳодисаҳои табиӣ ба рақами навбатдории "112" дар тамос шаванд.