Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Як шабонарӯз: фавти 13 дардманд ва сироят шудани 1459 нафар ба коронавирус дар Русия

Давоми як шабонарӯзи гузашта дар 50 манотиқи Русия 1459 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бо сабт шудани 1459 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус, шумораи умумии дардмандон ба 10 131 нафар расид, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

Фардо намози дастаҷамъонаи мусалмонони ҷаҳон алайҳи коронавирус баргузор мешавад

Ба иттилои манбаъ, 857 ҳолат дар шаҳри Маскав, 199 вилояти Маскав ва 44 маворид дар Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ситоди фаврӣ аз шифо ёфтани 118 нафар дар як шабонарӯз хабар медиҳад. Бар замми ин 13 нафар ҷон аз даст доданд.

“Эҳтиёт кунеду ба он тараф нагузаред”: дастури Аҳмадзода барои пешгирӣ аз коронавирус

Аз замони хуруҷи ин маризӣ дар Русия дасти кам 76 бемор ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари Оҷонси федералии биотиббӣ Вероника Сквортсова гуфта буд, ки авҷи ин маризӣ дар Русия тобистон хоҳад омад.

Мамлакат то даҳаи аввал ё нимаи моҳи июн ба баландтарин авҷи худ расида, пас аз ин давра, эпидемия муддате идома хоҳад ёфт ва сипас рӯ ба коҳиш мениҳад.