Дастури Раҳмон барои афзоиши майдони кишти картошка дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ бинобар вазъи глобалӣ бар асари пандемия зиёд карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент,  Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод зимни як суҳбати телефонӣ доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Аҳмадзода Раҳмонро ба Иди картошка бурд: духтарон бо котлет пешвоз гирифтанд - Акс

Ба иттилои манбаъ, ӯ даъват кардааст, ки кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ бинобар вазъи глобалӣ бар асари пандемия зиёд карда шавад

“Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд”,-афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин раисони ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд.

Дастури президент барои зиёд кардани майдони кишвти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳолест, ки сокинон аз гаронии нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла пиёзу картошка шикоят мекунанд. Ба гуфти сокинон ахиран нархи як кило картошка дар бозорҳои кишвар то 4-5 сомонӣ расид. Фурӯшандаҳо бошанд, сабаби гаронии ин маҳсулотро бинобар бастани сарҳадот ва ворид нагаштани он аз хориҷ мебинанд.