ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ба далели кам будани теъдоди шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон, берун овардани онҳо ба охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи май барномарезӣ шудааст, хабар медиҳад агентии "Авеста"бо такя ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои интиқол додани шаҳрвандони амрикоӣ аз қаламрави Тоҷикистон бояд иҷозати махсус барои ҳавопаймо дода шавад.
Ҳадс зада мешавад, ки дар сурати роҳандозӣ шудани ин парвоз, чиптаҳо ба шаҳрвандони Амрико ба қимати 1500 доллар фурӯхта мешаванд.
Дар Ӯзбекистон шумораи беморони коронавирус ба 582 нафар расид
Сафорати Амрико ҳамчунин дар робита ба нархи чипта мегӯяд, ин нархнома ниҳоӣ набуда, эҳтимол тағйир ёбад.
Зимнан, дар хабар омадааст, ки оғози дубораи парвозҳо аз фурудгоҳи Душанберо, танҳо мақомоти Тоҷикистон муайян мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ баста мебошад.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки барои таъини парвозҳои хориҷӣ аз фурудгоҳи Душанбе ягон вақти мушаххас таъин нашудааст.