Манъи сомонаи "Ахбор" бо аризаи Юсуф Раҳмон ва эътирози Салимпур

Додгоҳи олии Тоҷикистон, сомонаи “Akhbor.com”-ро бо аризаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кардааст. Сардабири Ахбор ин тасмимро нақзи озодии матбуот хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, додситони кул бо ариза муроҷиат карда, хостори манъи сомонаи “Ахбор.ком” ва паҳни маводи он дар қаламрави Тоҷикистон шудааст.

Хоҳишҳои Аврупо аз Тоҷикистон дар бораи Ёров, сайтҳо ва банди нав дар Кодекси ҷиноӣ

“Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва “наҳзат.ру” («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки “аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани  фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи додситони кулро баррасӣ карда, бо ҳалнома аз 18 феврали соли 2020  қонеъ  кардааст.

Ислоҳот бо имзои Раҳмон: сайтҳо фаъол ва кори судҳо ошкоро шавад

“Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст”, -омадааст дар иттилоияи Додгоҳи олӣ.

Манбаъ афзудааст, ки ҳалномаи Суди Олӣ аз 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Мирзои Салимпур, сардабири Ахбор изҳор доштаст, ки ин қарор бидуни огоҳӣ ва даъвати намояндаи ин расона қабул гардида, нақзи озодии матбуот мебошад. Салимпур таъкид намудааст, ки расонааш тарҳи мустақили журналистӣ буда, ба касею гуруҳе хизмат намекунад ва танҳо пойбанди арзишҳои рӯзноманигорист.