Ҷалби донишҷӯён ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон аз таъсиси як корхонаи ниқоббарорӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳхои дӯзандагии факултети технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд.

Тоҷикистон ба Италия 11 миллион ниқоб содир мекунад

Тибқи иттилои манбаъ, тарҳи ниқоб аз тарафи мутахассисони факултет бо назардошти меъёрҳои стандартӣ лоиҳакашӣ карда шуда, дар озмоишгоҳҳои дӯзандагӣ бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷуён дӯхтани ниқобҳо оғоз гардидааст.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000  кормандон ва донишҷуёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намояд.

Инчунин, роҳбарияти донишгоҳ таъкид доштааст, ки дар сурати зарурӣ ҳаҷми истеҳсол зиёд карда мешвад ва ба дигар муассисаю корхонаҳо бо ниқобҳои тиббӣ  пурра таъмин хоҳанд шуд.

 

Ҷалби донишҷӯён ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки барои дӯхтани ниқобҳои тиббӣ маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи “Нассоҷии тоҷик” истифода бурда мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар ин корхона, зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода карда шудааст.