Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳисоботи раисон ва супоришҳои Раҳмон: аз кишти фаровон то пешгирии коронавирус

Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус барои тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ, Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кишту кори баҳорӣ шунидааст.

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ додааст.

Аз аломатгузории марз то пешгирии коронавирус: суҳбати телефонии Раҳмон бо Жээнбеков

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш додааст, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд.

"Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Хабари тозаи Вазорати тандурустӣ дар бораи набуди коронавирус дар Тоҷикистон

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

Бино бар омор то имрӯз, коронавирус дар 208 давлати ҷаҳон паҳн шудааст. 

Тибқи охирин омор дар ҷаҳон 1 358 943 кас гирифтори коронавирус шудааст. Ин беморӣ ҷони 71,2 ҳазор касро гирифта, пизишкон то имрӯз 272,8 ҳазор нафарро табобат кардаанд.

То рӯзи 8 апрел дар Русия 8672 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон то рӯзи 8 апрел ягон ҳолати гирифторӣ аб коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.