Садамаи маргбор дар шаҳри Хоруғ як кушта ва ду захмӣ барҷой гузошт

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки ҷони як нафарро гирифта ду касро бистарӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, садама рӯзи 7-уми апрели соли 2020, тахминан соати 08:50-дақиқа дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастааст.

Се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони як ноболиғ ва ду ҷавонро гирифт

Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи воситаи нақлиёти трактор, тамғаи “Т-82”, ки ба идораи манзили коммуналӣ тааллуқ дорад, таҳти идораи ронанда Ғалчабеков Ақназарбек Сарҳадбекович, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат кардан дар маҳалаи Ниводаки шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 11-метра чаппа шудааст.

Садамаи маргбор дар Данғара ва Нуробод 2 кушта ва 8 захмӣ барҷой гузошт

Дар натиҷа, худи ронанда Ғалчабеков А.С. ва мусофири он Санавбаршоев Рустам Аслишоевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

"Мусофири дигар Афғоншоев Фарҳод Саидбекович, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин шаҳр, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳалокати шаш нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.