ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар иртибот ба хуруҷи COVID- 19 дар Италия ба ин давлати аврупоӣ 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот намояд, хабар медиҳад "Ховар".
Сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Абдурауф Пулодов гуфтааст, ки ҳоло корхонаи саноатии "Ҷавонӣ" аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.
Корхонаи саноатии "Ҷавонӣ" аз соли 1994 фаъолият дошта, дар он усули пурраи коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ширкати "Ҷавонӣ" маҳсулотро дар асоси фармоиши бренди "Карьера"-и Италия истеҳсол намуда, 95 фоизи маҳсулоти тавлидотии корхона, аз қабили шим, нимшим ва ғайра, ки аз матои ҷинс дӯхта мешаванд, қаблан ба Италия содирот мегардид.
Худравҳои зиёд, бозорҳои кушода ва сокинони ниқобдор: шаҳри Кобул ҳангоми қарантина – акс
Ҳамзамон ширкати тавлидотии "Ҷавонӣ" дар Маркази савдои Тоҷикистон, собиқ универмаги марказӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе дорои нуқтаи фурӯши маҳсулоти тавлидотӣ мебошад. Инчунин маҳсулоти «Ҷавонӣ» дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ муаррифӣ гардидаанд. Корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли давлатҳои аврупоӣ ҷиҳозонида шуда, дар он беш аз 750 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд.