Дар пеши зану фарзандаш ҳақорат кард! Боздошту ҳабс ва парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқир

 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як нафареро, ки ҳамсояашро таҳқир мекард, ҳабс карда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Маркази матбуоти ин Раёсат дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки боздошти ин нафар дар пайи муроҷиати як сокини пойтахт ва навори ирсолнамудаи ӯ анҷом гирифтааст.

“Дар ин навор дида мешавад, ки шахсе ба номи Алӣ пайваста дар назди дигар афрод ва аҳли хонавода Самандар Сулаймонов, мутаваллиди соли 1984, сокини кӯчаи Мехкалони шаҳри Душанберо дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, шаъну шарафашро паст мезанад. Ин як навори пур аз дашному ҳақорат, алфози қабеҳ буда, ҳодисаи шикастани оинаи пеши мошини сабукрави муроҷиаткунанда низ дар он инъикос ёфтааст”, - мегӯяд Маркази матбуоти Раёсати ВКД.
Модари се кӯдак: парванда алайҳи зане, ки аз ошёнаи 10-ум партов ҳаво дод

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар пайи як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустучӯӣ ва санҷиши муроҷиати мазкур кормандони милитсияи пойтахт шахсияти фарди дар навор инъикосгардидаро муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳозир намудаанд, ки ӯ шаҳрванд Алӣ Сафарбеков, мутаваллиди соли 1989, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2 будааст.

“Зимни бозрасӣ Алӣ Сафарбеков эътироф кард, ки дар ҳақиқат 6 апрели соли ҷорӣ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе бо ғаразҳои пешакӣ ба назди автомашинаи Самандар Сулаймонов рафта, ӯро дар назди ҳамсар ва 3 фарзанди ноболиғаш бе ягон асос дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Ҳамзамон дастгиршуда Алӣ Сафарбеков ба ин кирдорҳои авбошонаи худ қаноат накарда, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани амволи ғайр ба воситаи мушт қисмати пеши оинаи мошини сабукрави Самандар Сулаймоновро шикастааст”, - мегӯяд Маркази матбуоти Раёсати ВКД.

Ишқи маргбори духтари ҳамсоя: қатли Хуршед Ғолибови 21 сола-видео

Бино ба иттилои ин манбаъ, айни замон алайҳи Алӣ Сафарбеков тибқи моддаҳои 237 ва 255 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

“Илова бар ин, айни ҳол нисбати номбурда дар асоси Қарори Суди ноҳияи Сино барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз татбиқ карда шуда, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”, - мегӯяд Маркази матбуоти Раёсати ВКД.