ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сарвазирони Тоҷикистону Русия имрӯз сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, хуруҷи маризии сироятии коронавирус аз масоили меҳварии гуфтугӯи сарвазирони Тоҷикисону Русия қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зарур донистанд, ки дар самти мубориза алайҳи ин маризӣ ҳамкории муштаракро ба роҳ меандозанд.
Пул нест: дархости Федератсияи муҳоҷирони Русия аз ҳукумат барои қатъи патентпулӣ
Ҳамзамон оид ба масъалаи содироти маҳсулоти барвақтии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурии дуҷониба дар ин самт ибрози назар карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дувумин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки алъон аз маризии коронавирус дар канор аст. Аммо дар Русия бошад, теъдоди сироятёфтагони коронавирус ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст.
То санаи 7 - уми апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Русия 7497 маризи коронавирус ба қайд гирифта шудаанд.