Саудӣ дар Рамазон низ масҷидҳоро қарантин мекунад: ҳама пазмони Рамазон шуданд, аммо...

Мақомоти Арабистони Саудӣ бинобар сабаби коронавирус омодаанд маҳдудиятҳоро дар ҷамъомадҳои оммавӣ, бахусус намозҳо ва боздидҳо аз масҷидҳо дар моҳи моҳи Рамазон, ки аз охири апрел то охири моҳи май дар ҷаҳони ислом баргузор мешаванд, тамдид кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар ин бора Муҳаммад Абдул Алӣ,  сухангӯи Вазорати тандурустии Саудӣ хабар додааст.

Дастури шоҳ: омаду рафти шабона дар сартосари Арабистони Саудӣ манъ шуд

"Ҳама пазмони ҷамъомадҳои динии моҳи Рамазон шуданд, аммо чораҳои андешидашуда то аз байн рафтани пандемия аз коронавирус идома хоҳанд ёфт",- хабар додаст пойгощи хабарии "Ахбори оҷил" ба нақл аз суханони Муҳаммад Абдул Алӣ

Рӯзи душанбе мақомоти Саудӣ аз ҷорӣ шудани маҳдудияти гаштугузори шабонарӯзӣ бидуни зарурат дар баробари Макка ва Мадина дар якчанд шаҳрҳои дигар, алахусус пойтахт Ар-Риёз, Ҷидда ва инчунин шаҳрҳои асосии шарқ: Даммом, Заҳрон ва инчунин шаҳрҳои шарқӣ Ал-Катиф ва Ал-Хобар, ки шумораи зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, эълон кард.

"Танҳо 50% аҳолӣ дар хона боқӣ мондаанд ё фаъолияти худро кам кардаанд. Аз ин рӯ, тасмим дар бораи манъи ҳаракат ба манфиати ҳама аст",- гуфт намояндаи вазорати корҳои дохилии Саудӣ дар як изҳороташ.

Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 2605 нафар расида, 38 нафар аз ин беморӣ ба ҳалок ва 551 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

Ёдовар мешавем, ки сар аз 20 март Арабистони Саудӣ тасмим гирифт дар робита ба паҳншавии маризии сироятии коронавирус, дари ду масҷиди бузург дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаро ба рӯи мусалмонон, барои муддати номаълум бубандад.

Ҳамзамон, сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.