Дастури Расулзода барои тезондани бунёди беморхонаи сироятӣ дар Данғара-акс

Дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, ба ноҳияи Данғара рафта, барои тезондани беморхонаи панҷошёнаи сироятӣ дар ин ноҳия супориш дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз аз рафти корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Данғара боздид карданд, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи дастгоҳи раиси Хатлон.

Кашфиёти олимони тоҷик: оби нуқра коронавирусро нест мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири Ҳукумат зимни баррасии масоили тандурустӣ, аз ҷумла тезондани бунёди беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хобро таъкид карда буд.

Расулзода имрӯз дар майдони сохтмони беморхона ба бинокорон ва масъулон дастур дод, ки суръати корҳои сохтмониро афзуда, онро бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар вақти муайяншуда ба истифода супоранд.

Дастури Расулзода барои тезондани бунёди беморхонаи сироятӣ дар Данғара-акс

Ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи дастгоҳи раиси Хатлон, беморхона 5-ошёна буда, дар назар аст, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Ариза нависед! Раҳмон дар бораи асардуздӣ ва унвонгирии вазирону вакилон

Манбаъ аз қавли Бахтиёр Ашӯрзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Данғара, афзуд, ки то инҷониб дар ноҳия 138 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Бештари иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи Ҳукумат  ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, инчунин бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.