ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Олимони Чин, Сингапур ва Амрико, генеро ба номи "Каролоктун" дар кӯршапаракҳо ёфтаанд, ки ба бовари онҳо барои сохти доруе, ки битавонад коронавирусро дармон кунад, бисёр муфид хоҳад буд, хабар медиҳад ИРНА.
Зимнан, донишгоҳи Синхуаи Пекин гузорише манташир намудаст, ки ин ген дар истеҳсоли дору алайҳи коронавирус ба муҳаққиқон кӯмак хоҳад кард.
Мубталоёни коронавирус дар Афғонистон якбора зиёд шуданд
Ба бовариии олимон, вируси бемории SARS, ки дар солҳои 2002 ва 2003 дар Чин ва Ҳонгконг зуҳур кард, омили сар задани коронавируси 2019 будааст.
Олимон бо ишора ба ин ки ин генро дар кӯршапаракҳои сиёҳ пайдо кардаанд, овардаанд ин дастовард метавонад дар маҷмӯ ба пизишкон барои дастёбӣ ба доруе, ки вирусҳоро аз байн бибарад, кӯмак кунад.