Фаластин дар Душанбе сафоратхона мекушояд

Имрӯз дар Душанбе масъалаи кушодашавии сафоратхонаи Фаластин дар Тоҷикистон ва муносиботи дипломатии ду кишвар баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати мумури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири тозатаъйини Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, мусоҳибон изҳори умедворӣ намуданд, ки ифтитоҳи қарибулвуқӯи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе ба густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мусоидат кунад.  

Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар бораи кай кушодашавии сафоратхонаи Фаластин дар Душанбе иттилоъ надодааст.