Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад, ки ба гумони миёнаравӣ барои пешниҳоди додани замин муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, боздоштшуда, Самадзода Муҳиддин раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон будааст.

Дувоздаҳ ҳазор долларро гирифту замин надод: заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ба иттилои манбаъ, ҳамчун шахси мансабдор тахминан моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан оид ба манзур намудани пешниҳод ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ниҳияи Ҷ.Балхӣ ҷиҳати вобаста намудани 4,10 гектар қитъаи замин маблағи 1200 сомонӣ пешакӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 4000 сомониро талаб кардааст.

 “27 январи соли 2020 зимни аз тарафи кормандони Агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Самадзода М.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуданд”,- афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, нисбат ба Самадзода М.А. бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карад шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.    

Боздошти заминсоз барои фурӯши замин: беш аз 60 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Бар асоси ин банди қонун, шахсоне, ки чунин ҷурмро содир мекунанд бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.