Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пирамарди 106 сола дар Эрон бар коронавирус пирӯз шуд

Пирамарди 106 солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беҳбуди вазъияти ҷисмонӣ аз бемористон ҷавоб дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ин марди 106-сола, ки дар Эрон мубталои коронавирус шуда буд, пас аз 14 рӯзи бистарӣ дар бемористон бо беҳбудии комил рухсат шуда, ба хона бозгашт, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

“Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд”: чаро Гугуш имсол Наврӯзро таҷлил накард? – видео

Ба иттилои манбаъ, то кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол синн, бо иродаи қавӣ, ин вируси кушандаро шикаст доданд ва аз бемористон мураххас шуданд.

Коронавирус, авохири соли гузашта 2019 дар шаҳри "Вуҳон"-и Чин шиносоӣ шуд.

Ҳамакнун тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси корона ҳастанд ва омори мубталоён ба ин вирус  ба беш аз як миллион нафар дар саросари дунё афзоиш ёфтааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 59 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва дастикам  229 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун аз маҷмӯи 53 ҳазору 183 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 17 ҳазору 935 нафари онҳо беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 3 ҳазору  294 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.