ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон тадобири пешгирии коронавирус пурзӯр мешавнд. Дар кишвар як коргоҳи дигар ба истеҳсоли ниқоб ва хилъати тиббӣ оғоз кардааст.
Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, дар ширкати "Тоҷтекс" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шуд.
"Бо мақсади шинос шудан ба фаъолияти корхонаи мазкур Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода аз ин корхона дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10 000 дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба стандартҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе воқеъ гардида, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ машғул мебошад. Дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳи дӯзандагӣ васлу насб карда шуда, барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудаанд.
Пештар иттилоъ дода шуд, ки бештар аз 20 коргоҳ дар Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ оғоз карданд.
"Садақа радди бало": 100 ҳазор ниқоби тиббии ройгони соҳибкор
Ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар коргоҳҳои "Нассоҷии Тоҷик", "Нассоҷи Хуҷанд" истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар "Гулистони Душанбе" хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар "Сифат Саноат" хилъатҳои тиббӣ ва дар "Фармтекс" истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.