Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мубталоёни коронавирус дар Афғонистон якбора зиёд шуданд

Бештари ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Афғонистон дар як шабонарӯзи ахир дар вилояти Ҳирот ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik.  Шумораи гирифторони коронавирус дар як шабонарӯзи ахир дар Афғонистон якбора афзуд, хабар медиҳад "Тулӯъ нюс".

Тасдиқи ибтило ба коронавирус дар шаҳри Файзобод, маркази Бадахшони Афғонистон

Ҳамин тавр, дар Афғонистон 367 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, ҳафт нафар ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, бештари ҳолатҳои сироятёбӣ ба музофоти Ҳирот рост меояд. 

Дар ин миён дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 нафар аз вирус табобат шудаанд.

Ёдрас мешавем, пештар Вазорати тандурустии Афғонистон пешбинӣ карда буд, ки 80 дар сади мардуми кишвар ба вируси корона гирифтор хоҳанд шуд. Ҳамчунин, вазорат эҳтимоли марги 110 ҳазор нафарро аз вируси корона пешгӯӣ мекунад.

Толибон дар Афғонистон нерумандтар мешаванд: оё онҳо ба Тоҷикистон мераванд

Ба иттилои коршиносон, вирус ба Афғонистон аз Эрон ба воситаи Ҳирот, ки ҳаммарз аст, сар задааст.