Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маъруф Ҳоҷибоев: ҳолати шахсони бистаришуда дар бемористони Ҷаббор Расулов қаноатбахш аст

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи саломатии нафарон, ки дар қарантина қарор доранд, қаноатбахш аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъкид кард, 13 нафаре, ки таҳти қарантина қарор дорад, ягон ҳолати шубҳаовар ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Вирус нест”: “қарантини мардумӣ” дар Ҷаббор Расулов

Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳамин 13 нафар дар беморхонаи сироятии Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар қарантина қарор доранд. 

Қаблан баъзе расонаҳо хабар доданд, ки дар пайи фавти як сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов наздикон ва пизишконе, ки ӯро табобат кардаанд, таҳти қарантина гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи Маъруф Ҳоҷибоев, аз ҳамин 13 нафаре, ки дар қарантина қарор доштанд,  ду нафарашон таб ва нишонаҳои сироятии роҳи нафас доштанд.

“Ҳоло вазъи саломатиашон қаноатбахш аст. Ташхисҳои онҳо барои коронавирус манфӣ баромад. Ҳангоми баландшавии ҳарорати бадан, мо ташхиси дубора гирифтем. Дар ҳоли ҳозир, ягон ҳолати тасдиқёфтаи коронавирус вуҷуд надорад”, - таъкид кард номбурда.

Вай қайд кард, ки шахсоне, ки дар беморхонаи Ҷаббор Расулов бистарӣ шуданд ҳолати қаноатбахш доранд.

“Мо пеш ҳам бемориҳое, ки зукомҳои мавсимӣ доштанд ба монанди бемории сурхча, дар беморхона бистарӣ мекардем ва хонагиҳояшонро таҳти қарантина мегирифтем. Ҳамин ҳолат дар беморхонаи Ҷаббор Расулов сурат гирифт. Мо он шахсонеро, ки бо шахсони таб дошта алоқа карданд ба қарантина гирифтем. Мо аз нафаре, ки гӯё бо маризӣ омада буд,  дубора ташхис гирифтем ва ҳар ду ташхис манфӣ баромад. Гапҳое, ки гӯё ӯ бемори коронавирус дошт,  асос надоранд”, - таъкид кард Маъруф Ҳоҷибоев.