Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс

Sputnik

Ҳарчанд пандемия дари мардуми сайёраро мекӯбад, ошиқон намехоҳанд арӯсиашонро лағв кунанд: тӯй ҳатман барпо мешавад. Аммо тӯйи даврони карантин андаке фарқ мекунад.

Акнун тӯй дар кадом қишри сайёра барпо нашавад ва хоҳ аз мусалмонон бошаду хоҳ аз насорову намояндагони дигар динҳо, барои  домоду арӯс пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатӣ ҳатмист.

Албатта танҳо  ҷуфти ҷавон ниқобпӯш ба тӯй ҳозир намешаванд, тамоми меҳмонон низ даҳону бинӣ "баста" ба муборакбодии навхонадорон мераванд.

Масалан, дар Соҳили ғарбии Фаластин, арӯс на танҳо рӯй ва абрӯй, балки ниқобашро ҳам рангубор мекунад. Дар ниқоби тиббӣ бо ранги сурх нақши лабҳои арӯс дарҷ мегардад. 

Бархе аз арӯсҳои олуфтаи дигар, дастпӯшакҳои резинии худро оро медиҳанд. Онҳо гӯё нохунҳояшонро оро дода бошанд, дастпӯшакҳоро низ ранг мекунанд.

Дар Ҷакарта на танҳо ба ҳамдигар ангуштарӣ мепӯшонанд, онҳо дар даст дастпӯшакҳои резинӣ ба даҳону бинии якдигар ниқоб мебананд.

Ниқобҳои тиббӣ бояд ба табъи домоду арӯс мувофиқ бошад: аз мард ранги банур ё баста, аз зан камрангу нафис ва ороишёфта.

Дар Литва навхонадорон пас аз маросими тӯй анъанаи бӯсаро сарфиназар  намекунанд: танҳо байни лабони арӯсу домод ниқоби муҳофизатӣ меистад.

1 / 12
Ҳарчанд пандемия дари мардуми сайёраро мекӯбад, ошиқон намехоҳанд арӯсиашонро лағв кунанд: тӯй ҳатман барпо мешавад. Аммо тӯйи даврони карантин андаке фарқ мекунад
2 / 12
Дар тӯйҳои анъанаи нав ҷорӣ шудааст, арӯсу домод баробари ангуштарӣ ба якдигар ниқоб мепӯшонанд
3 / 12
Дар Соҳили ғарбии Фаластин, арӯс на танҳо рӯй ва абрӯй, балки ниқобашро ҳам рангубор мекунад. Дар ниқоби тиббӣ бо ранги сурх нақши лабҳои арӯс дарҷ мегардад
4 / 12
Бархе арӯсҳои олуфтаи дигар дастпӯшакҳои резиниашонро низ оро медиҳанд: ҷои нохунҳояшонро ранг мекунанд
5 / 12
Натанҳо  ҷуфти ҷавон ниқобпӯш ба тӯй ҳозир мешаванд, тамоми меҳмонон низ даҳону бинӣ "баста" ба муборакбодии навхонадорон мераванд
6 / 12
Ниқобҳои тиббӣ бояд ба табъи домоду арӯс мувофиқ бошад
7 / 12
Аз мардон ранги банур ё баста, аз зан камрангу нафис ва ороишёфта
8 / 12
Дар Литва навхонадорон пас аз маросими тӯй анъанаи бӯсаро сарфиназар  намекунанд: танҳо байни лабони арӯсу домод ниқоби муҳофизатӣ меистад
9 / 12
Дар Индонезия чораҷӯиҳои пешгирикунанда шадидтаранд: арӯсро тамиз мекунанд
10 / 12
Ҷуфти ҷавон дар Босния пас аз маросими тӯй
11 / 12
Кормандони САҲШ ҳарорати бадани арӯсу домодро месанҷанд
12 / 12
Маросими тӯй дар Фаластин