Ҷашнҳои рӯзи 5 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи панҷуми апрел Рӯзи ниҳолнишонӣ дар Кореяи шимолӣ ва ҳамзамон рӯзи аввали тобистон дар Исландия мебошад
Sputnik

Рӯзи 5 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1996 дар ҷараёни вохӯрии худ дар Шанхай сарони давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон созишнома дар бораи пурқувватсозии соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои байнисарҳадиро ба имзо расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1993 бо қарори Ҳукумати Федератсияи Русия ширкати нефти  «Лукойл» таъсис ёфт.

Соли 2010 Котиби генералии СММ Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.

Рӯзи 5 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1930 экспедитсияи Тоҷикистон-Помири Академияи илмҳои Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Соли 1930 рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло  «Ҷавонони Тоҷикистон») таъсис ёфтааст.

Соли 1996 дар шаҳри Душанбе аввалин агентии мустақили Тоҷикистон «Азия-Плюс» ба кори худ оғоз намуд.

соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

Соли 2016 ба иттилои агентии афғонии «Hama Press» дар натиҷаи таркиш дар қисмати марказии Афғонистон 6 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Ба иттилои манбаъ, маводи таркандаи дар зери мошин буда дар яке аз мактабҳои ноҳияи Сиёгарди вилояти Парвон ба кор дароварда шуд.  Миёни фавтидагон ва захмбардоштагон кӯдакон, занҳо ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буданд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 апрел

  • Рӯзи ниҳолнишонӣ дар Кореяи шимолӣ.
  • Дар Исландия рӯзи аввали тобистон.