Се кумитаю агентӣ 3 хел ҳисобот доданд: Раҳмон гуфт, месанҷанд, кӣ рост гуфт

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, дар маълумоти омории бархе аз мақомоти давлатӣ номутобиқатӣ мавҷуд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Юсуф Раҳмон аз Ожонси омор, Кумитаи андоз ва Кумитаи идораи замин мисол овард, ки теъдоди хоҷагиҳои деҳқониро дар кишвар ҳар хел пешниҳод кардаанд.

Беасос ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд: ишораи Раҳмон бар заъфи мақомоти судиву тафтишотӣ

Ӯ иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумоти Ожонси омор то якуми январи соли 2020 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 171 ҳазору 475 адад мерасад. Дар ҳоле, ки тибқи ҳисоботи мақомоти идораи замин ин нишондод 185 ҳазору 616 ва Кумитаи андоз 155 ҳазору 621 адад­ро ташкил медиҳад.

Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки фарқият дар ҳисоботи ин идораҳо 29 ҳазору 995 адад мебошад.

Мансабдорони тоҷикро барои ҳисоботи дурӯғ ҷазо медиҳанд

“Санҷиши чунин ҳолатҳо то якуми майи соли равон давом мекунад. Вобаста ба натиҷаи санҷиш чораҳои дахлдор меандешем”, - таъкид кард Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, ки аз ҷараёни он нашрияи “Садои мардум” гузориш нашр кардааст.

Тибқи омори расмӣ соли 2019 дар Тоҷикистон 2039 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрда, 7882 хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ба қайд гирифта шуд.