Дар вилояти Рязан як мард панҷ нафарро кушт - видео

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Рязан мардеро боздошт кард, ки ба сӯ панҷ нафар тир кушода онҳоро ба ҳалокат расонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи тафтишотии Русия сокини 32 солаи деҳаи Елатма дар вилояти Рязани Русия аз айвон ба гурӯҳи ҷавононе, ки бо садои баланд сухан мекарданд, эрод гирифтааст.

Миёни мард ва гурӯҳи ҷавонон ҷанҷоли лафзӣ сар задааст ва пасон мард силоҳи шикории худро гирифта сӯи чаҳор ҷавон ва як духтар тир кушодааст.

Дар натиҷаи тирпарронӣ ҳамаи панҷ нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

 

Мақомоти қудратии Русия ин шахсро дуртар аз манзилаш боздошт карда силоҳашро аз хонааш дарёфт кардааст.

Феълан масъалаи ҳабси ӯ баррасӣ мешавад.

Нисбати гунаҳкор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.