Бе зарурат ба бозору ҷойҳои серодам наравед: машварат дар парлумон

Дар пасманзари хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот - машварати тахассусӣ бо масъулини бахши тандурустии кишварро баргузор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Иброҳим Бобоназаров, сардори Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон, дар парлумон маслиҳат дод, ки шаҳрвандон аз рафтан ба бозору ҷойҳои серодам бидуни зарурати ҷиддӣ худдорӣ кунанд.

На аз Чин: Голикова гуфт, коронавирус ба Русия аз куҷо ворид шуд

Ба иттилои котиботи парлумони Тоҷикистон, Бобоназаров, таъкид кард, ки ҳарчанд гирифторони вируси COVID-19 дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст, вале риоя намудани ҳамешагии гигиенаи шахсӣ, эҳтиёт намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муҳим мебошад.

“Бе зарурати муайян нарафтан ба бозору маконҳои дигари серодам аз шартҳои асосии солимӣ ва мубтало нашудан ба бемориҳо мебошад”, - изҳор доштааст сардори Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Нидозода Сулҳиддин, муовини аввали роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки ин мулоқот бо дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ташкил шуда, ҳадафи асосии он машваратҳои тахассусӣ ба кормандон барои пешгирӣ намудан аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ва махсусан COVID-19 мебошад, ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

“Имрӯз вазифаи аслии мо низ ҳаст, ки дар ростои ин талошҳо бетараф набошем ва тавсияҳои мутахассисонро риоя намоем. Тавре мегӯянд пешгирӣ намудан беҳ аз табобат аст”, - таъкид намуд Нидозода.