Се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони як ноболиғ ва ду ҷавонро гирифт

Вазорати корҳои дохилии ТОҷикистон аз се садамаи нохуши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он як ноболиғ ва ду ҷавон ҳалок шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Душанбе, Варзоб ва ноҳияи Ашт дар давоми чанд рӯзи охир, ҷони як ноболиғ ва ду ҷавонро гирифт.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 3-юми апрели соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "ДЭУ-Нексия", Маҷидов Суҳробшоҳ Музафарович, соли таваллудаш 1981, сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Махсум ба самти маҳаллаи Зарафшон, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тиллоев Бахтиёр Азимхонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Панҷро пахш намудааст. 

Садамаи маргбор дар Данғара ва Нуробод 2 кушта ва 8 захмӣ барҷой гузошт

Дар натиҷа, Тиллоев Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 2-юми апрел, тахминан соати 23.00, ронандаи худрави тамғаи "Опел-Зефира", Абдулхайров Абдулвадуд Ҷабборович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҳушёри Гулободи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди нноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Хова", таҳти идораи ронанда, Валиев Хуршед Ярматович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз самти вилояти Суғд ба Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", Абдулхайров А.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, рӯзи 2-юми апрел, тахминан соати 19:00, ронандаи худрави тамғаи "Мерседес-Бенс", Урунбоев Қаҳрамон Раҳимбоевич, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шаҳринави ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Дар натиҷа, худи ронанда, Урунбоев Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст.

Мутаассифона, мусофири дохили автомашина, ноболиғ, Мадибрагимов Ҷаҳонгир Ҳабибҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Қаҳрамон, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.