ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Муовини сарвазири Русия Татяна Голикова зимни нишасти хабарӣ иттилоъ додааст, ки маризии сироятии коронавирус аз Чин ворид нашудааст.
Ба изҳори ӯ, аксар шаҳрвандони рус бар ин боваранд, ки вируси COVID -19 аз Чин ба Фередатсияи Русия ворид гаштааст, аммо ин фарзия комилан нодуруст аст.
Голикова изҳор доштааст, ки ин маризӣ аз 73 кишвар, аз ҷумла Италия, Испания, Фаронса ва Олмон ба қаламрави Русия ворид шудааст.
Бар тибқи маълумоти ироакардаи Голикова, дар Русия 808 ҳолат аз хориҷ ворид шудааст, 2854 ҳолат, аснои робита доштан бо нафарони сироятшуда, ишкор шудааст.
Муовини сарвазир таъкид намудаст, ки бештари ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар пойтахт, шаҳри Маскав сурат мегирад.
Зимнан, теъдоди зиёди гирифторони маризии коронавирус дар ҷумҳуриҳои Ком ва Бурятий ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар Русия алъон 4731 мавориди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Зимнан, бар асари ин маризӣ 43 дардманд ба ҳалокат расиданд.