Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Хатлон тадобир барои пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар ҳудуди вилояти Хатлон чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) пурзӯр карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналии вилоят корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, ки ин тадбир тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки дар ҷаласаи охирини Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дода шуд, амалӣ мегардад.

"Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён маҳлули безараргардонӣ омода карда шуда, тавассути мошинҳои обкаш чунин тадбир амалӣ гардид",- омадааст дар хабарнома.

Дастур дода шудааст, ки чунин корҳои безараргардонӣ дар роҳҳои нақлиётгард ҳадди ақал ҳафтае ду маротиба анҷом дода шаванд.

Дастури қатъии вазорат: пеш аз сафар "дезинфексия" кунед

Ёдовар мешавем, 2 апрел ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон баргузор гардид. 

Тибқи иттилои масъулини Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар вилоят то имрӯз катҳо ва рахти хоб дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ омода карда шуда, маводи безараргардонӣ ва доруворӣ ба миқдори зарурӣ дастрас гардидаанд.

Дар Хатлон мардумро аз коронавирус бо усусли "Хона ба хона" огоҳ мекунанд

Бо мақсади пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо усули "Хона ба хона" корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷалби волонтёрон гузаронида шуда, ин тадбир идома меёбад.

Дар ноҳияи Данғара аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи тиббии Хатлон ба миқдори 2 ҳазор адад маводи иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус ба шаҳрвандон дастрас карда шудааст.