Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зиёев барои қочоқи сӯзишворӣ аз Қирғизистон

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шаҳрванд Асрор Зиёевро дар қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон айбор мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ба иттилои Ожонс, шаҳрванд Зиёев Асрор 23 январи соли равон дар ҳудуди вилояти Бадканди Қирғизистон аз "Ҷанеш" ном шаҳрванди ҷумҳурии мазкур 8 ҳазору 959 литр сӯзишвории дизелӣ харидааст.

Тафсилоти бештари боздошти "Муқимча" бо шогирдони нашъаҷаллобаш - навор

Сипас сӯзишвориро ба воситаи автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес-Бенс-817" бо роҳи қочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ворид намуд, хабар дод Ожонс.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ автомошинаи мазкур дар шаҳри Истаравшан боздошт карда шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, муайян гардид, ки Зиёев бо ҳамин тарзу усул санаҳои 21 ва 22 январи соли 2020 аз Қирғизистон бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон ба миқдори 26 ҳазору 877 литр сӯзишвории дизелиро ворид намудааст.

Ожонси зидди фасод арзиши 26 ҳазору 877 литр сӯзишвории дизелии бо роҳи қочоқ вориднамудаи Зиёевро ҳамагӣ 188 ҳазору 139 сомонӣ арзёбӣ кардаст.

Манбаъ таъкид кард, ки аз рӯи ҳолати ҳолатҳои мазкур нисбати Зиёев, бар асоси моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.