Куштори ноболиғ дар "Қаратоғ": бо санги 810 грамма задааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон Усмонзода Беҳрузро барои қатли ваҳшиёнаи Абдуллоев Исмоилҷони ноболиғ барои 10 сол равонаи зиндон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ҳодисаи куштор 2 июни соли 2019 тахминан соати 16-17 дақиқа осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи “Қаратоғ”-и ноҳияи Шаҳринав рух додааст.

8 зану 4 ноболиғ кушта: суҳбати ошкорои Раҳмон аз ҳамлаи "Ишқобод"

Ба иттилои манбаъ, Усмонзода Беҳруз ноболиғ Абдуллоев Исмоилҷон Ҷамшедовичро ба ҷангалзори осоишгоҳи “Қаратоғ” бурда, аз хурдсолӣ ва дар ҳолати оҷизӣ қарор доштанаш истифода намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани номбурда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ба воситаи санг, ки вазнаш 810 граммро ташкил медиҳад, ба қисмати бадани ноболиғ Абдуллоев И.Ҷ. зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки аз ин ҷароҳатҳо номбурда ба ҳалокат расидааст.

  “Ғайр аз ин Усмонзода Б. барои содир кардани ҷиноятҳои дӯздии молу мулки шаҳрвандон дар 13 лаҳза бо моддаи 244 2исми 3 банди “а” ва як лаҳзаи ҷиноят бо моддаи 339 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, маҳкум гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

  Гуфта мешавад,Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Усмонзода Б. бо моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои “в, е” (одмакушӣ), 244 қисми 3 банди “а” (дуздӣ) ва 339 қисми 1 (тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба додгоҳ ирсол карда буд.