Бемории аср: шумори гирифторони коронавирус дар дунё аз 1 миллион гузашт

Тибқи маълумоти мавҷуда, коронавирус давоми чор моҳи пайдоишаш дар 204 кишвари дунё доман паҳн карда, ҷони 51,5 ҳазор нафарро гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси ИМА, шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон охири рӯзи гузашта, марзи 1 миллионро убур кард.

Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба наздики як миллион нафар расид

Гуфта мешавад то ҳол дар 204 кишвар ва қаламрави мустақил 1 миллиону 7000 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки 236 ҳазор нафараш ба  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост меояд, ки дар ҷойи аввал меистад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 110 ҳазору 574 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 13 ҳазору 155 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 104 118 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар навбати худ мегӯяд то ҳол 900 ҳазор мубталои ин беморӣ гашта, аз он 46 ҳазор фавтидааст

Ҳамзамон, табибон тавонистанд, ки 210,5 ҳазор нафар гирифторони  коронавирусро дар саросари дунё табобат кунанд.

Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд. 11 март бошад СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.