ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар ин бора Кумитаи тадорукоти чорабинӣ иттилоъ дода гуфтааст, чорабинии мазкур қарор буд, 14 то 18 апрели соли равон дар пойтахт доир шавад.
Тасмими мазкур барои тағйири замони баргуории чорабинӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти Кинофестивал дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон гирифта шудааст.
Ба иттилои Кумитаи тадорукоти чорабинӣ то муҳлати қабули филмҳо барои Синамобазми байналмиллалии “Душанбе” беш аз 85 дархост аз 30 кишвари ҷаҳон пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ҳайати ҷашнвора пеш аз баргузор шудани синамоҷашнвора филмҳое ки барои озмун пешбинӣ мешаванд, эълон хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, чорабинии мазкур одатан ҳар ду сол дар шанбеи сеюми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мешавад.
Созмондиҳандагони ин ҷашнвора мақомоти Душанбе ва студияи киностудияи Тоҷикфилм мебошанд, ки дар он давлатҳои ИДМ ва СҲШ иштирок мекунанд.