ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ренат Каримов муҳоҷирони меҳнатиро осебпазиртарин қишр дар Русия, аз ҷумла дар Маскав хонд, ки аз ҳимояи лозимӣ бархӯрдор нестанд.
Дар робита ба чорабиниҳо алайҳи коронавирус ва эълони қарантина, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамоно осебпазиртарин қишр боқӣ мондаанд, изҳор дошт Каримов.
“Дар Маскав беш аз миллион муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, ки 15 дарсади аҳолии фаъол дар иқтисодиётро ташкил медиҳанд. Онҳо саҳми бузург дар иқтисодиёти Русия мегузоранд, аммо феълан осебпазиру беҳимоятарин қишранд, чун бештарашон бекор мондаанд”, - изҳор дошт Каримов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ зикр намуд, ки танҳо соли гузашта аз ҳисоби пардохти ҳаққи патент беш аз 18 миллиард рубл ба буҷаи Маскав ворид шуд ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар вазъи мушкил ба дастгирии давлат ҳаққи умед доранд.
“Мо бо як мактуб аз мири Маскав, Сергей Собянин хостем, патентпулии ҳармоҳа муваққатан бекор гардад, зеро ин андоз аз даромад буда, пешакӣ пардохт мегардад”, - изҳор дошт роҳбари Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ.
Ӯ илова намуд, чун дар ояндаи наздик ҳеч даромаде дар назар нест, бекор кардани ҳаққи патент мантиқӣ мебуд. Ин дар ҳолест, ки дар Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар моҳ беш аз 5,3 ҳазор рубл ҳаққи патент пардохт мекунанд. Аммо дар пайи эълони қарантина ва басташавии аксари идораҳо қисми зиёдашон бекор мондаанд. Муҳоҷирон имкони баргашт ба Ватан низ надоранд, чун парвозҳо аз Русия ба хориҷа мутаваққиф шудаанд.
Қаблан мақомоти Русия дар робита ба пандемияи коронавирус қарор карданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бидуни убури марз ҳаққи тамдиди муҳлати иқомат ё пешниҳоди аснод барои гирифтани патентро доранд.