Ҳалимов ҳамоно дар сархати афроди таҳти пайгарди ВУД Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷустуҷӯи Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои милисаи кишварро, ки ба созмони террористии “ДОИШ” пайваст, идома дода истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Сарфи назар аз хабарҳо дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов, номи ӯ феълан дар сархати афроди таҳти пайгард дар сомонаи ВУД Тоҷикистон қарор дорад.

ИМА ба ивази маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов 3 млн доллар ваъда додааст

“Ҳалимов Гулмурод Салимович, санаи таваллудаш 14-уми майи 1975, сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, дараи Фони, аз 30-юми майи соли 2015 дар кофтуков қарор дорад”, - омадааст дар эълони ВУД.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  иттилоъ дар бораи кушта шудани Ҳалимовро аз расонаҳо ва ҳамкорон гирифтаанд, аммо боз санҷишҳои иловагӣ ҳастанд, ки онро анҷом дода истодаанд.

Раҳимзода таъкид намуд, ки то ҷасадро набинад, дақиқан кушта шудани Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонад.

“Наметавонам, ба ин суол мушахассан ҳа ё не посух диҳам, то ҷасадро набинам”, - изҳор дошт вазири умури дохилӣ.

Ӯ гуфт, дар маҷмуъ иттилоъ гирифтаанд, ки Ҳалимов дар пайи як амалиёти махсус кушта шудааст. Вазир афзуд, дар мавриди Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари Ҳалимов, ки баъдан бо ӯ пайваст, феълан иттилое рӯи даст надоранд.

Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дода буд, ки дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини нерӯҳои таъиноти махсуси ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард.