Таъйиноти кадрӣ дар соҳаи маориф:Имомзода ду муовини ректорро интихоб кард

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо судури фармон, муовинони ректори Донишкадаи давлатии забонҳоро таъйин намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Қаблан ду курсии муовини ректор дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, муддати як моҳ холӣ буданд.

Раҳмон ба Худоёрзода Худоёр вазири нақлиёти Тоҷикистон вазифаи нав дод

Бар хабари сомонаи Pressa.tj, дар асоси фармони Вазири маорифи Тоҷикистон, Абдулмаъин Қаюмзода муовини ректор оид ба таълим ва корҳои

методӣ ва Асадулло Наҷмуддинов оид ба илм ва иноватсия таъйин гардиданд.

Фармони таъйин шудани ду муовини ректори ин донишкадаро муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён муаррифӣ кард.

Дидори Имомзода бо Элеро: Иттиҳоди Урупо ба Вазорати маориф кумак мекунад

Манбаъ меафзояд ба муовинони тозатаъйини ректори Донишкадаи забонҳо, Муҳаммаддовуд Саломиён ва худи ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода, барору комёбӣ таманно намуда, кадрҳои таъйиншударо барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватан даъват намудаанд.

Қобили зикр аст, ки муовини ректор оид ба таълим дар ин донишкада Маҳмудхон Шоев буд, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин шуд.

Муовини дигари донишкада оид ба илм Муҳаммадҷон Олимзода буд, ки ахиран раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Президенти Тоҷикистон таъин гардид.